Президент дар Исломобод
Дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Хотиррасон мешавем, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ниҳоди муътабари минтақавию байнидавлатии иқтисодӣ буда, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 аъзои он мебошад ва моҳи сентябри соли 2004 вохӯрии 8-уми Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ин созмон дар пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе баргузор шудааст.
Дар кори Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озарбойҷон, Туркия, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Эрон ва ҳамчунин намояндагон — муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Покистон иштирок намуданд.
Кори иҷлосия бо нутқи муқаддимавии Раиси Иҷлосияи 12-уми Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ – Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев оғоз гардида, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Навоз Шариф Раиси иҷлосияи 13-ум интихоб карда шуд.
Зимни суханронии худ дар кори ин иҷлосия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар давраи мавҷудияти худ Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба рушду тавсеаи бештару хубтари ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои аъзо мусоидати фаъол карда, дар ин самт бо талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфтааст ва ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити созгор фароҳам оварда шудааст.
Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои созмон аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, саҳми онҳо дар гардиши савдои берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 36 фоизро ташкил медиҳад.
Дар суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти ҳамгироии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, низоми нақлиётию транзитӣ, сохтмони иншооти энергетикӣ ва инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки захираҳои гидроэнергетикӣ ва татбиқи лоиҳаҳои хурду бузурги минтақавӣ таклифу пешниҳодҳои судманд намуданд.
Рушди ҳамкории минтақавӣ дар роҳи истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон ва таъмини амнияту суботи тамоми минтақа аз ҳадафҳои муҳими роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ шуд ва таъкид гардид, ки Тоҷикистон аз ҷалби ҳамсояи наздики худ – Афғонистон ба равандҳои ҳамгироии минқавӣ ба хушнудӣ истиқбол намуда, аз фаъолияти Фонди махсуси Созмони ҳамкории иқтисодӣ оид ба барқарорсозии Афғонистон ва ҷараёни татбиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷдиди иншооти иҷтимоӣ дар ин кишвар ҷонибдорӣ менамояд.
Изҳори итминон карда шуд, ки Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва кишварҳои аъзои он дар татбиқи нақшаҳо ва ҳадафу вазифаҳои вобаста ба захираҳои об дар доираи Даҳсолаи байналмилалии амали “Об барои рушди устувор барои давраи солҳои 2018-2028, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, фаъолона иштирок менамоянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар омодагии Ҳукумати Тоҷикистонро барои густариши муносибатҳои мутамаддин ва ҳамкориҳои васеъу воқеӣ бо ҳамаи кишварҳои хайрхоҳ ва созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки ин мавқеъи созгори сиёсати хориҷии Тоҷикистон буда, бар усулҳои пазируфташуда ва халалнопазири дӯстии пойдор, баробарҳуқуқӣ ва эътимоду эҳтироми мутақобила асос ёфтааст. Изҳори умедворӣ карда шуд, ки натиҷаҳои кори иҷлосияи имрӯза боз як омили муассире дар тақвияти бештари ҳамкориҳои судманди иқтисодии кишварҳои аъзои он мегардад.
Дар кори иҷлосия ҳамчунин сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои як қатор кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ, муовини сарвазири Ӯзбекистон, намояндаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Кипр, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дигар ташкилотҳои байналмилалӣ суханронӣ намуданд.
Вобаста ба дурнамои ҳамкориҳои минтақавии давлатҳои аъзои созмон таболули афкори судманд доир гардида, аз ҷониби Сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ Эъломияи Исломобод қабул карда шуд.
Дар хотима барои саҳми назаррас дар рушди илм ва соҳаҳои гуногун, ба 7 нафар, аз ҷумла ба намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саркотиби илмии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биология Абдусаттор Саидов ҷоизаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ дар соҳаи илм ва технология супорида шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ