Дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи селекторӣ (видео-конференсия) доир гардида, масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ дар байни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва риояи қонуният мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин бора аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҳолатҳои даст задани кормандон ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсиониро муҳокима карда, гуфт, ки кормандони милитсия бояд тамоми кӯшишу ғайрати худро ба пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ин гуна ҷиноятҳо равона созанд.
Рамазон Раҳимзода аз содир гардидани ҷиноятҳои коррупсионӣ миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ намуда, нисбат ба баъзе роҳбарони ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ, ки кормандонашон даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задаанд, ҷазои интизомӣ татбиқ намуд.
«Дар интиҳои ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бо ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба роҳ мондани корҳои пешгирӣ-фаҳмондадиҳӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод»,- иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *