Президент дар ноҳияи Айнӣ корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуд
Имрӯз, 5-уми июл Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Дуобаи шарқии ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” оғоз бахшид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти кишвар, маросими ба кор андохтани корхонаи мазкур ба таври маҷозӣ сурат гирифтааст.
— Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ тугмаи рамзиро пахш карда, корхонаи маъдантозакуниро ифтитоҳ намуданд ва тавассути монитор бо раванди истеҳсолот шинос шуданд,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки корхона дар доираи нақшаи чорабиниҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати кишвар бунёд шудааст.
Масоҳати умумии корхонаи истихроҷ ва истеҳсоли маъдани Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ТВЕА Душанбе саноати куҳӣ” 1200 гектарро ташкил медиҳад.
Истихроҷи маъдан дар корхона аз ду кон — “Кумарғи боло” ва “Дуобаи Шарқӣ” сурат мегирад. Кони “Кумарғи боло” қариб 4 ҳазор метр ва “Дуобаи шарқӣ” дар баландии 2300 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад.
Ба Президенти кишвар иттилоъ дода шудааст, ки иқтидори корхонаи нав дар як сол ба коркарди 900 ҳазор тонна маъдан баробар мебошад. Раванди истеҳсоли маъдан дар 4 марҳила — истихроҷ, майдакунӣ, обшӯкунӣ ва ҷудокунӣ сурат мегирад. Намуди истихроҷи ашёи хом дар кони “Кумарғи Боло” рӯизаминӣ ва дар “Дуобаи Шарқӣ” зеризаминӣ мебошад. Дар кони “Дуобаи Шарқӣ”, ки аз 7 нақб иборат аст, бунёди роҳ, васлу насби таҷҳизоти барқӣ, хобгоҳ барои кормандон ва дигар инфрасохтори ёрирасон пурра ба анҷом расонида шуда, кандани нақб идома дорад.
Дар корхона 140 нафар, аз ҷумла 100 сокини маҳаллӣ ва 40 шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин мебошанд. Бо пурра фаъолият намудани корхона барои зиëда аз 500 нафар ҷойи корӣ таъсис меёбад. Аз рӯи нақша дар ин мавзеъ оянда коргоҳи холисгардони тилло ва нуқра бунёд карда мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ