Президент Эмомалӣ Раҳмон озими Русия шуд

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 27 –уми декабр озими  шаҳри Санкт-Петербурги Русия шуд.

Бино бар иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Вазири мудофиа ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Ҳадаф аз сафари  Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт-Петербург иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил арзёбӣ мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *