Озмун «будка»-ро аз байн бурд

Тавре Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, дар доираи баргузории озмуни «Беҳтарин навор ва расми қирдорҳои зиддиҳуқуқӣ», яке аз иштирокчиён бо ирсоли 1 адад расми будкаи бекорхобида дар рӯ ба рӯи маркази савдои “Вориси сомон”-и маҳаллаи Гипрозем аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуд, ки бо сабаби ба партовгоҳ табдил гардидан он бартараф карда шавад.
   

Зимни баррасии муроҷиати мазкур муайян карда шуд, ки будкаи мазкур солҳои қаблӣ ба таври ғайриқонунӣ аз ҷониби ашхоси номаълум бо мақсади ба тиҷорат машғул гардидан гузошта шуда, айни ҳол нуқтаи бекорхобида ба ҳисоб меравад.
   

Бо дарназардошти ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсия будкаи ғайриқонунӣ гузошташуда, ки симои минтақаро коста мегардонид, бартараф карда шуда, бо ҷалби кормандони бахши коммуналиии ноҳияи Сино гирду атрофи он аз партовҳо тоза карда шуд.




Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *