Президент фурӯш симкортҳои 250-сомониро манъ кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш додааст, ки то 1-уми январи соли 2019 фурӯши симкортҳои 250-сомониро манъ кунанд. Ба ин тартиб, то чаҳор моҳи дигар симкортҳо ба тавримаъмулӣ фурӯхта хоҳанд шуд.

Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи президент гуфтааст, масъалаи афзоиши нархи симкортҳо рӯзи 30-юми август дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ шуд. Ӯ афзуд, ба раиси дастгоҳи иҷроияи президент супориш шудааст, ки то моҳи январи соли оянда хулосаҳоро дар масъалаи нархи симкортҳо, ба ҳар як шаҳрванд додани як симкорт ва маҳрум кардани наврасони то 14-сола аз истифодаи симкортҳоро ба ҳукумат пешниҳод кунанд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *