Иосиф Кобозон даргузашт

Овозхони замони Шӯравӣ ва Русия, арбоби ҷамъиятӣ, ҳунарманди мурдумии Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Кобозон дар 81-солагӣ аз дунё гузашт. Ин хабарро Интерфакс рӯзи 30 август бо такя ба ёвари ҳамсари Кобзон тасдиқ кард.

Соли 2005 табибон дар ҷисми Козон бемории саратонро ташхис карданд. Моҳҳои ахир хабар мерасид, ки саломатиаш бад шудааст. Ӯро рӯзи 26 июл ба бемористон бурданд, аммо баъди як рӯз ҷавоб доданд.

Дар баробари овозхонӣ, Кобзон ҳамчунин дар Донишгоҳи омӯзгории мусиқӣ дарс мегуфт. Ӯ соли 1990 намояндаи мардумӣ дар Шӯрои олии СССР ва аз соли 1997 депутати Думаи давлатии Русия буд.

Моҳи марти соли 2014 Кобзон бо иншои як муроҷиатнома ба шахсиятҳои фарҳангӣ аз сиёсати Владимир Путин дар робита ба Қрим пуштибонӣ намуд. Ба думболи ин, борҳо аз ҷумҳуриҳои худгардони Донетск ва Луҳанск боздид ба амал овард ва ошкоро аз ҷудоиталабон тарафдорӣ кард. Иттиҳоди Аврупо. ИМА, Канада ва Украина Кобзонро ба рӯйхати афроди мамнуъвуруд ворид карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *