Қабри бобои президентро дар Украина пайдо карданд

Қабри Ҷеенбек Пирназаров — бобои президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбековро дар Украина пайдо карданд. Дар ин бора раиси созмони иҷтимоии «Эрдик-Подвиг» Канибек Мирзаканов хабар медиҳад. Бобои президент замони Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ беному нишон шуда буд.

Ба гуфтаи Мирзаканов, 8 май президент бо муассисони созмонҳои иҷтимоӣ мулоқот карда ва хабар додааст, ки макони дафни бобояш ошкор нашудааст. Баъди он ҷустуҷӯи қабри Пирназаров шуруъ шудааст.

Дар ниҳоят дар асоси пойгоҳи иттилоотии сарбозони шӯравии Вазорати мудофиаи Русия дар бораи Пирназаров иттилоъ пайдо шуд. Дар асоси иттилои ин ниҳод, бобои президент 27 апрели соли 1944 дар бемористони шаҳри Конотопи вилояти Сумски Украина вафот кардааст. Украина акси қабр ва навиштаи болои қабрро ирсол кардааст.

Президенти Қирғизистон 9 майи соли ҷорӣ дар роҳпаймоии «Полки абадӣ» дар шаҳри Бишкек ширкат варзида, дар даст акси бобояшро дошт.

Дар Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар солҳои 1941-1945 260 ҳазор сокини Қирғизистон ширкат карда буданд. Дар ҳоли ҳозир, дар Қирғизистон 470 иштирокчии ҷанг зиндагӣ мекунад.

Созмони «Эрдик-Подвиг» дар се соли охир макони дафни 1 612 қирғизистониро, ки дар солҳои Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ кушта шудаанд, пайдо кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *