Президент: Гӯшти қурбониро ба оилаҳои камбизоат диҳед!
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват кардааст, ки ҳангоми оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ надиҳанд ва ба ин васила ба буҷети оилаи худ зиён ворид накунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошӣ ба муносибати Иди Қурбон, ки рӯзи 10 август дар сомонаи president.tj мунташир гардид, гуфтааст, “онҳое, ки дорои имконияти фарохи моддӣ ҳастанд, бояд як ҳиссаи гӯшти қурбонӣ ва дигар хайроту садақаи худро ба чунин шахсон, яъне ниёзмандон ва оилаҳои камбизоат диҳанд”.
Президент таъкид кардааст, шахсоне шароиту имконият надоранд ва дар пешбурди зиндагӣ мушкилоту тангдастӣ мекашанд, барои онҳо қурбонӣ кардан ва додани дигар садақаву хайрот дуруст нест. Онҳо метавонанд бо рафтору кирдори писандида ва одобу ахлоқи ҳамида савобу баракати арзандае ба даст оваранд.
Арзишу муқаддасоти дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд.
Дар паёми Президент омадааст:”Вобаста ба истиқболи сазовори сисолагии истиқлолияти давлатӣ як идда шаҳрвандони огоҳи мо пасандоз ва маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои адои корҳои хайр, аз қабили бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, сохтани роҳу пулҳо, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, аз худ кардану обод намудани заминҳои нав, беҳтар сохтани шароити манзили зисти хеш ё ёрӣ додан ба шахсони камбизоат, яъне ба корҳое, ки тибқи аҳкоми шариат савоби ҷория мебошанд, сарф карда истодаанд”.
Раиси ҷумҳур дар мавриди анҷом додани фаризаи ҳаҷ ҳамчун яке аз рукнҳои панҷгонаи ислом гуфтааст, “барои ҳар фарди мусулмон ба шарте ҳаҷ тавсия шудааст, ки саломатӣ, тавону қудратмандӣ ва имконияти молии адо намудани чунин сафарро дошта бошад ва то баргаштани ӯ наздиконаш аз ҷиҳати таъмини эҳтиёҷоти рӯзғор ҳеҷ танқисӣ надошта бошанд”.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ