Тоҷикистон ба “Макка”-и сайёҳон мубаддал мешавад?

Созмони Ҷаҳонии Сайёҳӣ гуфтааст, Тоҷикистон бо табиати нотакрор, мавқеъи хуби ҷуғрофӣ ва осори қадимаи фарҳангӣ кишвари ҷаззоб барои сайёҳони хориҷӣ хоҳад шуд.

Питер Янич, намояндаи ин созмон, ки дар Ҳамоиши байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” дар шаҳри Душанбе сухан мекард, аз сатҳи рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ибрози қаноатмандӣ кард.

Ба гуфтаи Давлаталӣ Саид, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон, феълан дар кишвар 160 ширкати сайёҳӣ фаъолият карда ва онҳо аз пардохти андоз аз фоида озод ҳастанд.

Вай таъкид кард, соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Соли сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда ва тарҳҳое барои бунёд ва навсозии истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва  дигар инфрасохтори сайёҳӣ рӯйи даст гирифта шудааст.

Дар Ҳамоиши байналмилалии сайёҳии “Тоҷикистон-2019” беш аз 400 намоянда аз 25 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.

Ширкаткунандагони ҳамоиши байналмилалӣ аз мавзеъҳои тамошобоби ноҳияи Варзоб,шаҳрҳои Нораку Турсунзода ва осоишгоҳи “Хоҷа Оби Гарм” дидан карданд.

Ба меҳмонон, бахусус, сарбанди Неругоҳи барқи обии Норак, ки 300 метр баландӣ дошта ва аз манораи Эйфели Париж 10 метр баландтар аст, хуш омад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *