Президент интихоботи пеш аз муҳлат эълон кард

Бар асоси фармони Илҳом Алиев, Президенти феълии Озарбойҷон дар ин кишвар, интихоботи пеш аз муҳлати раёсати ҷумҳурӣ 7 феврали соли 2024 баргузор мешавад.

Интихоботи навбатии президентӣ дар Озарбойҷон мебоист моҳи апрели соли 2025 баргузор мешуд, вале Алиев тасмим гирифт, ки онро моҳи феврали соли 2024 баргузор кунад. Ӯ аз соли 2003 инҷониб кишварро раҳбарӣ мекунад ва бори чаҳорум дар моҳи апрели соли 2018 сарвари давлат интихоб гардида буд.

Мӯҳлати ҳафтсолаи феълии Илҳом Алиев ба ҳайси раҳбари давлат моҳи апрели соли 2025 ба поён мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *