3 медали  теннисбозони тоҷик

Теннисбозони ҷавони тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалӣ — “Penang Open International 38th Juniors аge Group Tennis Championship 2023” сазовори 3 медал шуданд.

Варзишгарони мо Шеъро Комрон / Валерия Теришкина ва Аниса Яҳёева / Ёсуман Салимова дар рақобатҳои ҷуфти бонувон сазовори медали нуқра ва биринҷӣ гардиданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ бошад, Аниса Яҳёева ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуд.

Мусобиқа дар Малайзия аз 29-уми ноябр то 3-юми декабр бо иштироки варзишгарони 12 давлат доир гашт. Рақобатҳо аз рӯи 5 синну сол – U10, U12, U14, U16, U18 сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *