Президент: Ман нагуфтам, ки дигар тӯю маърака нест, ҳамаро бандед.
Раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳокими шаҳри Тошканд Раҳмонбек Усмоновро барои таҳрифи суханонаш дар бораи тарзи баргузории тӯю маъракаҳо ба шиддат танқид кард ва гуфт, агар Усмонов барин одам ҳокими шаҳр бошад, ба ӯ дигар душман ҳам даркор нест.
Шавкат Мирзиёев, раисиҷумҳури Узбекистон рӯзи 9 август дар як ҷаласаи селекторӣ ҳокими Тошканд Раҳмонбек Усмоновро башиддат танқид кард ва гуфт, ки Усмонов суханони президент дар бораи танзими тӯю маъракаҳоро таҳриф кардааст: «Як даҳон кушодани ман бас буд, ки ҳоким алакай рӯзи дигараш бо фармон тамоми қаҳвахонаҳову тарабхонаҳоро маҷбуран бандад. Ин чӣ, хидмати дӯстона ба ман буд? Маълум мешавад, ӯ гуфтааст: «Мирзиёев фармон дод, бояд ҳамаро бандем, дигар тӯю маърака нест.”
Мирзиёев ба ҳокими Тошканд машварат дод, ки аввал атрофашро ба тартиб биорад: «Магар мушкил аст дар атрофи худ ҷамъ кардани одамоне, ки сарашон кор мекунад? Ҳоло мардум аз ман хафа, ки гӯё Мирзиёев фармон додааст, ки тӯю маъракаҳоро манъ кунед. Ман магар гуфта будам, ки тӯйхонаҳоро бандед? Сухан танҳо дар бораи ба тартиб даровардани кори онҳо мерафт. Бигзор ин масъаларо аввал оқсақолҳои маҳаллаҳо баррасӣ кунанд, ба шӯрои шаҳрӣ пешниҳодҳои худро бидиҳанд ва танҳо баъд ба мардум эълон кунед. Вале одамоне ба мисли Усмонов дар як рӯз бо як имзо ҳама чиро ҳал карданианд. Ӯ ҳатто бо матни суханронӣ ошно нашудааст. Аз чунин дӯст доштан душман доштан беҳтар аст. Агар Усмонов ҳокими шаҳр бошад, душмани дигаре ба ман даркор ҳам нест.”
Мирзиёев дар идомаи суханрониаш гуфт, манзури вай аз танзими тӯю маъракаҳо ҷилавгирӣ аз исрофи беҳуда буд: «Ба ҷои онки барои тӯй 600 кило биринҷро ош кунанд, магар беҳтар нест, ки онро ба ятимхонаҳо тақсим кунанд?”
Чанде пеш раисиҷумҳури Узбекистон дар як суханрониаш хостори ба тартиб даровардани тӯю маъракаҳо ва пешгирӣ аз харҷҳои беш аз ҳадд шуд.
Ба дунбол ҳокими Тошканд Раҳмонбек Усмонов эълон кард, ки аз ин ба баъд ба маъракаҳои тӯю азо набояд аз 200-300 меҳмони бештар даъват кунанд ва маъракаҳоро низ дар зарфи 2 соат гузаронанд. Шаҳрдори Тошканд рӯйхати тавсияҳоеро, ки дар кишварҳое чун Узбекистон ҳукми фармонро доранд, нашр кард, ки он аз ҷумла рақси валси арӯсу домод, пулчошӣ дар тӯй, буридани торт ва ҳатто гулдастаашро ба байни издиҳом партофтани арӯсро манъ мекунад.
Тошканд, қарори маълум, яке аз марказҳои асосии муди тӯю маърака дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад ва аксари маросимҳо аз ҳаминҷо пайдо шуда, сипас дар саросари минтақа баа муд табдил меёбанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ