Иҷозатномадиҳӣ фаъолиятро ба танзим медарорад

Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ буда, дар сохтори идоракунии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Хадамоти мазкур фаъолияти иҷозатномадиҳиро дар соҳаи шаҳрсозӣ дар ҷумҳурӣ амалӣ месозад. Яъне, дар доираи  ваколатҳояш корҳои ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани иҷозатнома ва тамдиди муҳлати амали он, пешбурди феҳрист, боздошт ва барқарор намудани амали иҷозатномаҳо, бекор кардан ва бурдани назорати риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳиро дар фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ дар ҷумҳурӣ таъмин месозад.

Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ба хадамот аз ҷониби  шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ барои гирифтан, тамдид намудани муҳлати амали иҷозатнома ва аз як сатҳ ба сатҳи дигари масъулиятнокӣ гузаронидани иҷозатномаи фаъолияти шаҳрсозӣ 532 адад муроҷиати расмӣ ворид гардида, 439 адади он аз ҷониби мутахассисони хадамот дар маҳал таҳлил гардида, хулосаи асосноккардашудаи онҳо ба Комиссияҳои иҷозатномадиҳӣ пешниҳод гашта, ҳуҷҷатҳои 69 довталаби дигар (42 адад барои гирифтан, 19 адад барои тамдид, 8 адад барои аз сатҳ ба сатҳ гузаштан) дар доираи талаботи муқаррарнамудаи қонун мавриди омӯзиши  масъулин қарор дорад.

Аз ҳисоби рақами дар боло дарҷгардида, яъне аз 532 адад ба 149 довталаб  иҷозатнома дода шуда, муҳлати амали иҷозатномаи 133 шахсони ҳуқуқӣ тамдид ва 24 адад  иҷозатномаи дигар аз  як сатҳ ба сатҳи дигари масъулиятнокӣ гузаронида шуда, муроҷиати 157 довталаб бо сабаби умуман ба талабот ҷавобгӯ набуданашон бо хулосаҳои мутахассисони масъул ба муроҷиаткунандагон расман баргардонида шуд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ  аз ҳисоби маблағҳои пардохти ҳаққи иҷозатнома ва дигар маблағҳои ҳатмӣ ба буҷаи ҷумҳуриявӣ 257 360 сомонӣ  ворид  гардид.

Бояд тазаккур дод, ки айни замон дар қаламрави ҷумҳурӣ шумораи умумии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии иҷозатномадор 2455 нафар буда, аз ин миқдор 188 нафар фармоишгарон (10 нафар хориҷӣ), 305 адад ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва 1962 адади онҳо ташкилотҳои сохтмониро дар бар мегиранд. Аз ҷумла, аз шумораи умумии ташкилотҳои хориҷӣ 100 адад ва соҳибкорони инфиродӣ 44 нафарро ташкил додааст.

Қайд кардан зарур аст, ки тибқи нишондодҳои таҳлилии гузаронидашуда, шумораи ташкилотҳои иҷозатномадор дар  ҷумҳурӣ бо муқоиса ба солҳои пешин, кам шуда истодааст. Чунончӣ, агар дар ҳамин давраи соли 2015-ум  2646 нафар иҷозатномадор ба қайд гирифта шуда буд, ин нишондиҳанда айни замон 2455 ададро ташкил дода истодааст, ки ин нисбат ба соли 2015 аллакай 191 адад кам аст. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки то охири соли равон эҳтимолияти боз ҳам кам гаштани шумораи умумии ташкилотҳои иҷозатномадор дар назар аст ва ин боиси нигаронӣ буда, ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфии худро мерасонад, чунки ба ин васила шумораи андозсупорандагон ва ҷойҳои корӣ дар ин самт дар қаламрави ҷумҳурӣ кам хоҳад шуд.

Шумораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии иҷозатномадори муҳлати амали иҷозатномаҳояшон эътибордошта дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чунин аст:

т/р

Минтақаи ҷойгиршавӣ Шумораи умумӣ Фармоиш-гарон Ташкилотҳои лоиҳакашӣ

 

Ташкилотҳои сохтмонӣ
1 Суғд 405 32 43 330
2 Хатлон 450 24 56 370
3 Ноҳияҳои тобеи марказ 466 22 56 388
4 Душанбе 1015 109 130 776
5 ВМКБ 119 1 20 98
ҶАМЪ: 2455 188 305 1962

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, мутахассисони хадамот фаъолияти 102 ташкилоту корхонаҳои иҷозатномадорро оид ба риояи шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ аз санҷиш гузаронида, оид ба натиҷаҳои он  санадҳо тартиб дода шудааанд. Инчунин, барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо,  огоҳинома ба муҳлати иҷроиш дода шуд.

Хадамоти иҷозатномадиҳӣ баҳри дастгирии сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои фармоишҳои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дар оянда беҳтар намудани фаъолияти худ, рушди соҳибкорӣ, раванди иҷозатномадиҳӣ дар соҳаи сохтмон ва меъморӣ, баланд бардоштани сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва сатҳи масъулиятнокии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеие, ки корҳои сохтмонию лоиҳакаширо ба иҷро мерасонанд, тамомои чораҳои заруриро меандешад.

Нусратулло ФАЙЗУЛЛОЗОДА,

сардори Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *