Аввал лоиҳа, баъд шаҳри зебо

          Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №579 дар назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Инчунин, мувофиқи фармоиши директори Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” аз 4 майи соли 2011 дар шаҳру ноҳияҳои ҷуҳурӣ корхонаҳои фаръӣ таъсис гардид.

         Айни замон Корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” яке аз калонтарин сохтори Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ба шумор рафта, дар таркиби он 62 корхонаи фаръӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият менамоянд. Шумораи умумии коргарони корхона, яъне лоиҳакашҳо ҳудуди  444 нафарро ташкил медиҳад. Самти асосии фаъолияти корхонаи мазкур  расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи меъморӣ ва лоиҳакашӣ ва ба  ин васила тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қонеъ гардонидани талаботи субъектҳои муносибатҳо дар соҳаи меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ мебошад.

Баҳри амалисозии мақсад, самт ва вазифаҳои оинномавӣ корхона корҳои зерин, аз ҷумла омода намудани таклифу пешниҳодҳо бобати тасҳеҳи Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, иштирок дар таҳияи Нақшаи ташкили муҷтамаъ ва ҳудудии воҳидҳои марзиву маъмурӣ, Нақшаи генералии воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва лоиҳаҳои шаҳрсозии банақшагирии муфассал, лоиҳаи банақшагирии минтақавӣ, нақшаҳои ҷойгиршавии коммуникатсияҳои муҳандисӣ, пайвастшавии роҳҳо, атласи коркарди геологӣ ва монанди инҳоро амалӣ месозад. Инунин, корхона дар таҳияи  лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, нақшаҳои рушди инфрасохторҳои муҳандисӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ ва шаҳрсозии мавзеъҳои аз дигар манбаъҳо маблағгузоришаванда, омодасозӣ ва ба мақомоти меъмориву шаҳрсозӣ пешниҳод намудани таклифҳои лоиҳавӣ бобати ҷойгиркунонии иншоот, коммуникатсияҳои муҳандисиву нақшаи нақлиётӣ ва лоиҳакашии ҳамаи намудҳои иншоот нақши муассир мегузорад.

  Корхонаи мазкур бо дархости мақомоти марбутаи меъмориву шаҳрсозӣ ва дар асоси шартнома бо фармоишгарон мувофиқи тартиби муқарраршуда супоришҳои меъморию ба нақшагирӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ- харҷномавии сохтмон, аз навсозӣ, аз нав таҷҳизонидан, аз нав тарҳрезии иншооти сохтмони капиталӣ,
пешбурди корҳои топографию геодезӣ, нусхабардории иҷроишӣ,
иҷрои корҳо оид ба мувофиқасозии лоиҳа дар маҳал ва ҷойгиркунонии иншоотро таҳия ва омода менаояд.

Яке аз самтҳои дигари фаъолияти ин корхона дар асоси шартнома бо ширкатҳои соҳибмулкони манзил амалӣ намудани азназаргузаронӣ ва таҳқиқи бино, ҳудуди он ва дар доираи қоидаву меъёрҳои амалкунандаи сохтмониву меъморӣ пешниҳод намудани тавсияҳо бобати имконияти ҷойгирнамоии иншооти нав, аз он ҷумла сохтмони сабук мебошад. Таҳияи  шиносномаҳои рангубори биноҳоро  дар кӯчаҳои протоколии шаҳру ноҳияҳо ва ороиши гулгашту хиёбонҳо низ Кумита анҷом медиҳад.

Лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллӣ ва Хона ақди никоҳ дар шаҳри Ваҳдат

Дар нимсолаи якуми соли 2017 КВД «Лоиҳакаш»-и Кумита аз ҳисоби таҳияи лоиҳаҳо, расонидани хизматрасонӣ дар соҳа ба маблағи 5528108  сомонӣ корҳоро ба сомон расонидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 102%-ро ташкил дод. Аз ҳисоби иҷрои кор ва расонидани хизматрасонӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва меъморӣ аз ҷониби корхона ва зерсохторҳои он ба буҷети ҷумҳурӣ 16445880 сомонӣ ворид гардидааст.

Султонзода Мирзо Султон,
директори КВД «Лоиҳакаш»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *