Ташхис-асоси боэътимоди бино

Имрӯз аз тарафи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати корҳои лоиҳакашӣ ва намою тарҳи иншооти сохташаванда  дар қаламрави мамлакат диққати махсус дода мешавад. Дар ин робита мавқеъ ва аҳамияти ташхиси давлатӣ боз ҳам баланд гардида, ҳамаи лоиҳаҳои иншоот, новобаста аз шакли моликият ва маблағгузорӣ, ҳатман аз ташхиси давлатӣ гузаронида мешаванд.

 Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар Раёсати экспертизаи давлатӣ 215  лоиҳаҳои корӣ мавриди ташхис қарор дода шуда, аз он ба 138 лоиҳа хулосаи мусбӣ дода шуд. Инчунин,  1 лоиҳа аз эътибор соқит, 3 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шуда,  73 лоиҳаи корӣ дар ҳолати баррасӣ қарор дораданд. Аз 52 лоиҳаҳои гузарандаи соли 2016 ба 49 лоиҳаҳои корӣ хулосаи мусбии  экспертизаи давлатӣ дода шуда, ба 2 лоиҳа хулосаи манфӣ (баъдан ба лоиҳаи мазкур хулосаи мусбӣ дода шуд) ва баррасии 2 лоиҳаи корӣ мавқуф гузошта шудааст.

Дар  ин давра аз тарафи лоиҳакаши генералии НБО-и «Роғун» ҶСК «Гидропроект» ба миқдори 193 баст ҳуҷҷатҳои лоиҳавию харҷномавӣ ворид гардид (бе назардошти 55 басти соли 2016, ки дар соли 2017 ба ҳамаашон хулосаи ниҳоӣ дода шуд), ки ба 126 басти он хулосаи мусбии экспертӣ дода шуд, 3 баст аз эътибор соқит ва 64  баст мавриди баррасӣ  қарор дорад. Аз тарафи ташкилоти лоиҳакашии ҶСК «ЭНЕКС» бошад, 1 баст ҳуҷҷатҳои корӣ   ворид гардид, ки ҳоло мавриди баррасӣ қарор дорад.  Аз дигар ташкилотҳои лоиҳакашӣ, вобаста ба иншооти НБО-и «Роғун»  14  баст ҳуҷҷатҳои корӣ ворид гашта, ба 10 лоиҳаи корӣ хулосаи  мусбии экспертӣ дода шуда, 4 басти боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.  Дар соли 2017 аз ҳамаи ташкилотҳои лоиҳакашии вобаста ба иншооти НБО-и «Роғун»,  арзиши корҳои сохтмонию васлкунӣ ба маблағи 33734 ҳазор сомонӣ  кам карда шуд.

Ҳангоми ташхиси лоиҳаҳо ба сифати харҷномаи онҳо низ диққати ҷиддӣ дода шуда, дар ин давра аз харҷномаи иншоотҳо дармаҷмӯъ 303334 ҳазор сомонӣ кам карда шудаанд.  Аз  ҷумла аз ҳисоби буҷетӣ давлатӣ ба маблағи 300449  ҳазор сомонӣ, грант ба маблағи 1236 ҳазор сомонӣ, сармоя ба маблағи 229 ҳазор сомонӣ ва худмаблағгузор ба маблағи 1420 ҳазор сомонӣ, ки бо ин васила арзиши корҳои сохтмонию васлкунӣ ба ҳамин миқдор арзон гардид.

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии  ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД “Ташхисгар” назорати риояи талаботи меъёру Биноқоидаҳои шаҳрсозиро таъмин намуда, ба сифати харҷномаи иншоотҳое, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта мешаванд, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, барои сарфа ва дуруст истифода намудани маблағҳои буҷетӣ чораҳои амалӣ андешида шуданд. Қабули лоиҳаҳои иншоот  бо назардошти истифодаи маводҳои сохтмонии дорои сифат, таҷҳизоту технологияҳои каммасрафу ҳозиразамони барқӣ ва бо назардошти пайвастшавӣ ба шабакаҳои марказонидашудаи гармитаъминкунӣ ба роҳ монда шудааст. Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии  ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ ва КВД “Ташхисгар” аз фармоишгарон ва ташкилотҳои лоиҳакаш новобаста аз шакли моликият ва марбутияти идоравӣ, иҷрои корҳои лоиҳакаширо бо сифати баланд, бо истифода аз технологияҳои муосир ва дар муҳлатҳои пешбинишуда бо риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ талаб намуда истодаанд.

Бинои истиқоматии 12-ошёна бо ҷойгир намудани Маркази савдо ва хизматрасонӣ, дафтари корӣ дар ошёнаҳои 1 ва 2, таваққуфгоҳи зеризаминӣ дар кӯчаи Шевченко

Раёсати экспертизаи давлатии ғайриидоравии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ —  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтмон, дар оянда низ бо ҳисси масъулияти баланд фаъолиятро пеш хоҳад бурд                                      

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *