Таъмини оби тоза рисолати мост

 ҶСК «Корезлоиҳа» соли 1966 ҳамчун шуъбаи лоиҳакашии марбут ба Пажӯҳишгоҳи давлатии «Союзводоканалпроект» — и умумииттифоқӣ дар шаҳри Душанбе ташкил ёфтааст. Аз соли 1988 ҳамчун пажӯҳишгоҳ аз ҳайати «Союзводоканалпроект» баромада,  ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ, кофтуковӣ ва лоиҳакашии ҶСНК «Водоканалпроект» — и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуд. Аз 3 августи соли 2010 дар асоси Қарори ҳайати мушовараи Кумитаи давлатии идораи амволи давлатии ҶТ таҳти №37 ҶСНК «Водоканалпроект» барҳам дода шуда, ба ҶСК «Корезлоиҳа» табдил ёфт.

Фаъолияти  ҷамъият  дар корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи таъмини об ва рафъи партовобҳо, кофтукови топогеодезикӣ,  кофтукови муҳандисию геологӣ, лоиҳакашӣ,  иншоотҳои обгирӣ ва обфишорҳо, коллекторҳои системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо,  системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳои шаҳрҳо, ќасабаҳо ва қишлоқҳо,  иншоотҳои барои тайёр намудани оби нӯшокӣ ва софкунакҳо,  парма кардани ҷойҳои обӣ,  мустаҳкам намудани соҳилҳои дарёҳо,  муҳофизати электрокимиёвии шабакаҳои муҳандисӣ иборат мебошад.

Ҳамчун Пажӯҳишгоҳи илмӣ-истеҳсолӣ ба ташкилотҳои лоиҳа­кашии марбут ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишгарон оид ба масъалаҳои лоиҳасозии иншоотҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо кумак  мерасонад.  Барои лоиҳасозӣ намудани коллекторҳои системаи таъмини об ва рафъи партовобҳо лоиҳасозон, конструкторон ва муҳандисони ҷамъият рӯ ба таърихи пайдоиши обҳои ҷорӣ меоранд. Обҳои ҷорӣ метавонанд ба гурӯҳҳо ҷудо шаванд, ба монанди маишӣ, истеҳсолӣ ва атмосферӣ. Оби  ҷории маишӣ ба биноҳои истиқоматӣ, маъмурӣ ва комму­налӣ (ҳаммомҳо, либосшӯйхонаҳо ва ғайра), инчунин хонаҳои маишии корхонаҳои саноатӣ дода мешавад. Ин обҳои ифлосе мебошанд, ки ба шабакаҳои обпарто аз таҷҳизоти санитарӣ (дастшӯякҳо, ваннаҳо, унитазҳо ва ғайра) рехта мешаванд.  Дар лоиҳасозии чунин иншоотҳо ҳамаи ҷабҳаҳои илмии онро ба инобат мегиранд ва лоиҳаҳоро омода намуда, пешкаши фармоишгар мегардонанд.
Лоиҳасозони ҶСК «Корезлоиҳа» ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо дастовардҳои илмӣ-техникии ҳозиразамонро дар соҳаи тоза кардани об истифода мебаранд. Дар лоиҳаҳо ҳисоби софкориҳои шаклҳои гуногуни асбобҳои навро барои бесирояткунии ҳисоби аниқи сохти ванасозии об ва ба бозистифодабарии обҳои тозакардашударо ба инобат мегиранд.
Солҳои фаъолият  дар ҶСК «Корезлоиҳа» корҳои зиёде ба анҷом расидаанд. Мувофиқи лоиҳаҳои пажӯҳишгоҳ шабакаҳои обӣ ва қувваи онҳо зиёд гардиданд. Ин аз ҳисоби зиёд гардидани аҳолии шаҳр ва хонаҳои истиқоматию иншоотҳои саноатӣ ба амал омад.
Ҷамъият лоиҳаҳои обтайёркуниро барои корхонаҳои саноатӣ ва шаҳру шаҳракҳо тайёр намуда, ба фармоишгарон пешниҳод менамоянд. Дар давраҳои гуногуни лоиҳакашии иншооти обӣ далелҳои кофтукови муҳандисӣ, муҳандиси геологӣ, муҳандисӣ–геодезӣ ва иқтисодӣ ба инобат гирифта мешавад, чунки дар онҳо дар бораи хусусиятҳои хоки сохтмонӣ, дараҷаи ҷисмҳои кӯҳӣ, давраҳои физикӣ-геологӣ, корҳои геодезӣ ва нақши он дар сохтмони иншоотҳо маълумотҳо дода мешаванд. Инчунин лоиҳаҳои пармакунии чоҳҳои обӣ ва соҳилмустаҳкамкуниро лоиҳасозони ҶСК «Корезлоиҳа» иҷро менамоянд.

Дар солҳои фаъолият кормандони ҶСК «Корезлоиҳа» лоиҳаи системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳои зеринро пешниҳод намуданд: шабакаи партовобҳо ва стансияи партовобҳои «Мактаб-интернат барои 660 нафар» дар ноҳияи Бохтар, бинои маъмурии шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳияи Рашт,  бинои маъмурии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи  Темурмалик, бинои маъмурии нозироти андоз дар ноҳия Балҷувон, шабакаҳои обтаъминкунӣ ва партовобҳои қисми берунии иншооти бинои маъмурӣ бо меҳмонхона дар кӯчаи  Айнии шаҳри Душанбе, обтаъминкунии шаҳри Кӯлоб аз чашмаҳои Ҷангалак.

Пажӯҳишгоҳ  дар давоми фаъолияти пурсамар бањри иҷрои лоиҳаҳои бузург иштироки фаъолона кардааст. Аз тарафи кормандони  ҶСК «Корезлоиҳа» лоиҳаи системаҳои таъмини об ва рафъи партовобҳо, аз љумла Академияи Вазорати  корњои дохилї  дар шањри Душанбе, Маркази саломатї  барои ќабули 700 нафар  дар як баст  ва Беморхонаи сироятї барои 40 кат дар ноњия Данѓара, Беморхонаи беморињои касалињои рўњї ва наркологї  барои 80 кат  ва обтаъминкунии мањаллањњои навбунёди љамоати дењоти Зарбдори шањри  Кўлоб, шоњќубури   обтаъминкунии   соњили  рости  шањриХ уљанд,  асосноккунии техникї-обтаъминкунии шањри Хуљанд аз чашмањои Дењмойи ноњияи Бобољон Гафуров, ба лоињагирї ва сохтмони бинои  маъмурии Корхонаи обтаъминкунї ва канализатсияи ноњия Нуробод, ба лоињагирї оид ба барќарорсозии системањои канализатсияи ноњияи Восеъ пешнињод ва мавриди амал ќарор гирифтанд.

Умуман, баъди  Истиќлолияти давлатї кормандони пажўњишгоњ беш аз 400 лоињањои хурду бузурги иљтимоию  чамъиятиро тањия намуда,  ба фармоишгарон пешнињод намуданд, ки ќисми зиёди онњо сохта шудаанд.

ҶСК «Корезлоиҳа» дар оянда низ лоиҳаҳои  замонавиро барои ободии кишвари соҳибистиқлоламон тайёр намуда, дар рушду нумӯи он ва мустаҳкамшавии иқтисодиёти кишвар саҳми намоёнро мегузорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *