Президент мансабдоронро муваззаф кард,ки ба халқ наздиктар бошанд

Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 12 июн дар як машварати корӣ ба мансабдорони баландпояи ҳукуматаш дастур дод, ки арзу шикоятҳои мардум саривақт расидагӣ карда, ба аҳолӣ наздиктар шаванд.

Рӯзи 13 июн дар ҳузури сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва бо ширкати сарвазиру муовинони сарвазир, раҳбари дастгоҳи президенту муовинонаш, ёварони раисиҷумҳур, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва раҳбарони як қатор аз вазоратхонаҳову идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратии Тоҷикистон машваратӣ корӣ доир шудааст.

Бино ба гузориши Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, дар ин ҷаласа «масъалаҳои вобаста ба омодагӣ ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи соҳаҳои муҳими ҷумҳурӣ дар нимсолаи авали соли 2017 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.”

Дар нишаст ҳамчунин зарурати тақвияти кори Шӯроҳо ва комиссияҳои давлатӣ, хусусан дар масоили марбут ба иҷрои тарҳҳои сармоягузорӣ, тадбирҳои ободонӣ ва таъмини бозорҳо бо маҳсулоти хушсифати кишоварзӣ, иҷрои қонуни танзими расму ойинҳо ва «истифодаи самараноки боғу марказҳои фарҳангию фароғатӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар биною иншооти истироҳатию солимгардонӣ” низ баррасӣ шудааст.

Хадамоти матбуоти президент мегӯяд, дар поёни машварати корӣ раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба аъзои ҳукумат ва раҳбарони вазорати идораҳои давлатӣ ва мақомоти қудратӣ дастуру супоришҳои қатъӣ  дод, ки «фаъолияти муназзами марказу муассисаҳои фарҳангию фароғатӣ, истироҳатгоҳҳо ва иншооти варзишию солимгардонӣ”-ро таъмин карда, арзу шикоятҳо ва дархосту муроҷиатҳои мардумро сари вақт ҳал кунанд, ба аҳолӣ наздиктар шаванд ва муқаррароти қонунгузории мамлакатро ҳатман риоя кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *