Тарона Суҳроб – Эрон – Амрико

Ишқат нишаста дар дилам

Ишқат нишаста дар дили ман ҷовидона аст,

Гар зиндаам, ба зиндагиям ин баҳона аст.

Мавҷи садои гарми ту чун нағмаи умед,

Дар гўши ман тараннуми садҳо тарона аст.

Рангинкамони ҳар нигаҳат аз карони дур,

Илҳомбахши шеъру ҳунар дар замона аст.

Ашкам чу ашки шамъгудозону гармрез,

Афсонахони сомити базми шабона аст.

Дил заврақи шикастаи ишқ асту синаам,

Дарёи мавҷхези ғами бекарона аст.

Эй дўст ошиқам ману пинҳон намекунам,

Тири ғамат ба қалби ҳазинам нишона аст.

Дар он нигоҳи гарми ту, эй мояи умед,

Шўри ҳазор хотираи ошиқона аст.

Саршортар зи чашма ба ҷўшам, ки баъд аз ин,

Дар ҳар рагам тараннуми рўде равона аст.

Гулбарги хандаҳои ту пайки баҳор буд,

Дар барги гул, бале, зи баҳорон нишона аст.

Ҷонам пур аз нишот шуду шўру ҳоли ишқ,

Ҳамчун таронае, ки тарабсози хона аст.

***

Борони ашк

Ҳамчун сабо зи гулшани мо по кашиду рафт,

Чун соя дар сукуту мадоро хазиду рафт.

Атри фишурда дар шаби гулҳои ёс буд,

Бо пўяи насими саҳар пар кашиду рафт.

Бо ахтарони ашк даме ҳамнишин нашуд,

Ошуфта чун шаҳоб гурезон давиду рафт.

Ҳамчун шукуфаҳои парафшон ба ҷўйбор,

Бо об шуд равону дил аз мо буриду рафт.

Якрўза буд тобиши хуршеди он нигоҳ,

Вақти саҳар дамиду ғурўб орамиду рафт.

Гулчини сангдил сабаде гул зи боғ чид,

Фарёди мурғакони чаманро шуниду рафт.

Оҳ он мусофире, ки ниҳон шуд миёни абр,

Борони ашки равшани моро надиду рафт.

ترانه سهراب — ایران — آمریکا

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *