Президент Мирмахсумиёнро барои ноӯҳдабароӣ аз вазифа озод кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Муродбек Мирмахсумиёнро ба сабаби «риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо” аз мақомаш барканор кардааст.
Президенти Тоҷикистон рӯзи 17 июл бо судури як фармон се мақоми баландпоя дар низоми судҳои Тоҷикистонро аз мақомҳояшон барканор кард.
Аммо агар дар фармони Президент сабаби барканории Раҳмон Соқизода аз мақоми раиси суди вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Мошариф Раҳмонзода аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе «бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан” гуфта шуда бошад, раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ Исмоил Муродбек Мирмахсумиён «бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо”-яъне ноӯҳдабароӣ аз мақомаш барканор карда шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ