Худкушии сарбоз дар Хуҷанд

Тавре,ки хабар дода мешавад, шаби 17 июл як сарбози 22-сола дар қисми низомии вазорати мудофиа дар шаҳри Хуҷанд худро ба дор овехтааст.

Зиёдуллои Дилшод, сокини дешаи Пошкенти Истаравшан якуним сол пеш ба хидмат даъват шуда буд.

Зиёдуллои Дилшод  дар Душанбе хидмат мекард, вале онҳоро як моҳ пеш барои анҷоми корҳои рангубор ба қисми низомии Хуҷанд оварда буданд. Ӯ шабона худашро дар таҳхонаи қисми низомӣ овехтааст.

Сабаби худкушии ин сарбоз маълум нест. Тафтиши қазия идома дорад.

Хешу табори Зиёдуллои Дилшод ба қисми низомӣ наомадаанд ва ҷанозаи ӯро бо мошини «Ёрии таъҷилӣ” ба Пошкент мефиристанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *