Президент Муҳаммад Маъсум Станикзайро ба ҳузур пазируфт

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17 май дар Душанбе бо раҳбари Раёсати амнияти миллии Афғонистон Муҳаммад Маъсум Станикзай мулоқот кард. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Маъсум Станикзай роҷеъ ба муборизаи муштарак бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими марз, гуфтугӯ намуданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин мулоқот ҳамчунин доир ба тарҳрезии чораҳои ҷиддӣ ва муоссир барои ҳамкориҳои наздимарзӣ, тақвияти тавоноиҳои нерӯҳои марзбонӣ ва ҳамоҳангии бештари нерӯҳои сарҳадӣ ба хотири таъмини амнияти миллии ҳамсоякишварҳо, табодули афкор сурат гирифтааст.

Сафари раиси Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки ахиран вазъият дар минтақаҳои шимоли Афғонистон ҳаммарз бо Тоҷикистон, ноором шудааст ва даргириҳо миёни нерӯҳои ҳукумати ва ҷангиёни гурӯҳи Толибон идома дорад. Нерӯҳои ҳукуматӣ тайи як ҳафтаи ахир тавонистанд минтақаи Зебок дар Бадахшон ва Қалъаи Зол дар Кундузро аз чанги Толибон озод созанд.Дар ҳоли ҳозир чандин минтақаи дигар дар вилоятҳои Бадахшон, Тахор ва Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистон дар ихтиёри ҷангиёни гурӯҳи «Толибон» қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *