Варзишгарони тоҷик дар Боку комёб нашуданд

Се рӯзи  мусобиқаҳои 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон паси сар шуда бошад ҳам,  варзишгарони Тоҷикистон ба ягон натиҷаи назаррас ноил нашуда истодаанд. Аз кишвари мо дар ин бозиҳо 29 варзишгар аз рӯи 7 намуди варзиш — тирпаронӣ (масофаи 10 метр, миёни занон ва мардон), таэквандо (ВТФ), гуштини озод ва зӯрхона барои медалҳо рақобат мекунанд.

Дар мусобиқот оид ба дзюдо Хоҷазода Беҳрӯз (вазни 73 кило, миёни мардон) ва Шоҳида Қаландарова (57 кило, миёни занон) ва дар рақобатҳои вазнбардорӣ Илҳомҷон Шукуров (69 кило, миёни мардон) аз медал маҳрум монданд.

Аммо мунтахаби Туркия бо ба даст овардани 35 медали тилло, 32 нуқра ва 27 биринҷӣ дар ҷадвали бозиҳо ба ҷои аввал баромад. Озарбойҷон, бо 35 медали тилло, 23 нуқра ва 13 биринҷӣ дар ҷои дуюм аст. Эрон (7, 11, 12) дар мақоми сеюм, Ӯзбекистон (6, 6, 18) дар мақоми чорум, Индонезия (5, 13, 14) дар ҷои панҷуми ҷадвал қарор доранд.

Тавре иттилоъ дода будем, дар 4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ наздики 3000 варзишгар аз 54 давлат дар 21 намуди варзиш барои 269 маҷмуи медалҳо рақобат доранд.

4-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ то 22 май идома меёбад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *