Президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон масоили марзро баррасӣ карданд

Президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии Ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.

Дар толори Маҷмааи «Ориён»-и шаҳри Исфара мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков, президентҳои Тоҷикистон ва  Қирғизистон баргузор шуд.

Мулоқоти аввали ин ду раҳбар  дар хатти Сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом шуда ва ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон ва  Сооронбой Жээнбеков бо аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Қирғизистон  суҳбат карданд.

Онҳо бо мушкилоти дар ин мавзеъҳо мавҷуда шинос шуда, омодагии Ҷонибҳоро барои андешидани чораҳо ҷиҳати бартараф намудани тамоми мушкилоти дар сарҳад мавҷуда таъкид карданд.

Дар ҷараёни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жээнбеков доираи васеи масъалаҳои марбут ба Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Зимнан, зарурати идома додани раванди делимитатсияи сарҳади давлатӣ, пешгирӣ намудани рӯйдодҳои ногувори наздисарҳадӣ ва садди роҳи онҳо шудан, роҳ надодан ба эҷоди вазъияти иғвоангезона дар марзҳои наздисарҳадии ду кишвар, ҳамчунин аз ҷониби мақомоти давлатии Тарафҳо ба таври доимӣ анҷом додани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар мавриди ҳамзистии осоишта махсус таъкид гардид.

Ҳамчунин,  музокироти васеъ бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои марбута ва мақомоти маҳаллии худидоракунии Тоҷикистон ва Қирғизистон анҷом ёфтанд. Ҷонибҳо алоқамандии худро ба тавсеа ва рушди ҳамкориҳои гуногунҷанба дар асоси усули дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ иброз доштанд.

Дар ин иртибот тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар сатҳи Комиссияҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон бо мақсади ба анҷом расонидани раванди делимитатсия ва аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмиёт даровардани сарҳад машварату музокиротро идома диҳанд.

Мулоқоти доиргардида аҳамияти таърихӣ дошта, ду кишварро ба амалияи  анҷом додани раванди делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон наздик меорад.

Анҷом додани корҳо ҷиҳати аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровардани сарҳади давлатӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба тамоми маҷмӯи муносибатҳои мутақобилаи ду кишвар таъсири мусбӣ хоҳад расонд.

Ин дидори президентҳои ду кишвари ҳамсоя дар ҳоле анҷом шуд, ки дар зарфи се рӯзи ахир ин минтақа саҳнаи муноқишаҳои сокинони Исфара ва Бодканд буд.

Бар асари задухӯрд ва тирандозӣ Ҷалолиддин Қароеви 52-сола, сокини Ворух кушта шуда ва аз ҳар ду ҷониб ҳудуди 20 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *