Президент оилаи Қосимовро тавсиф кард (аксҳо)

Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Ғайрати шаҳри Бохтар ба рафти парваришу истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз гармхонаҳои қитъаи замини наздиҳавлигии шаҳрванд Фурқат Қосимов дидан кард ва аз меҳнати ин оила тавсиф намуд.

Ӯ гуфт, агар ҳар як хонаводаи тоҷик мисли оилаи Қосимовҳо меҳнат кунаду дар як сол чанд бор ҳосил гирад, ҳам бозори истеъмолӣ фаровон мешавад ва ҳам нархҳо арзон мешаванд.

«Агар ба шарте мардум бештар истеҳсол кунанд, фаровонӣ мешавад, зиёд ки шуд, нарх поён меравад», — таъкид кард Президент.

Ба гуфти Президент бисёриҳо мегӯянд, ки аз замин гирифтани чанд ҳосил номумкин аст. «Ин чашмбандӣ нест. Ана, чор ҳосил дар як сол», — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Хонаводаи Қосимовҳо дар майдони 14 сотих 3 гармхонаи доимамалкунанда бунёд карда, дар як сол ду се маротиба ҳосил мегирад. Дар гармхонаҳо помидор, бодиринг, қаламфури булғорӣ ва дигар зироати кишоварзӣ парвариш меёбад.

Фурқат Қосимов зимни суҳбат бо Эмомалӣ Раҳомн гуфт, аз гармхонаҳои назди ҳавлиаш 2-3 маротиба  ҳосили сабзавот мерӯёнад ва аз ҳисоби ин  замин ҳар сол ба маблағи аз 90 то 100 ҳазор сомонӣ фоидаи соф ба даст меорад.

Тавре ки маркази матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи Фурқат Қосимов тӯҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла 200 номгӯйи асар ва китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳадя кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *