Тоҷикистон ду бозии ЧҶ-2022-ро дар Ҷопон мегузаронад

Қарор аст марҳилаи дуюми даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 ба шакли марказонидашуда баргузор шавад, ки аз 31-ум май то 15-уми июн ба нақша гирифта шудааст.

Ин тасмимро Конфедератсияи футболи Осиё ба далели ҳамагир шудани коронавирус гирифтааст, ки бозиҳои охирин ин марҳила дар 8 кишвари қитъа баргузор шаванд.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи “F” бозӣ мекунад, моҳи июн бо дастаҳои Ҷопон (7 июн) ва Мянма (15 июн) дар Ҷопон вомехӯрад, ки ин бозиҳо дар Ҷопон баргузор мешаванд, аммо қабл аз он 25-уми март дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи даври ҳафтуми марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо Муғулистон бозӣ мекунад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз моҳи сентябри соли 2019 дар гурӯҳи “F”-и марҳилаи дуюми интихобии ЧҶ-2022 панҷ бозӣ анҷом додааст. Дар даври аввал 5 сентябри соли 2019 бар дастаи Қирғизистон ва дар даври дуюм бар Муғулистон бо ҳисоби якхели 1:0 пирӯз шуд. Футболбозони тоҷик 15 октябри 2019 дар даври чорум аз дастаи мунтахаби Ҷопон (0:3) ва 14 ноябри 2019 дар даври панҷум аз тими Мянмар (3:4) мағлуб гардида, 19 ноябри 2019 дар даври шашум бозиро бо мунтахаби Қирғизистон мусовӣ (1:1) карданд.

Дар ин гурӯҳ Ҷопон бо 12 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Қирғизистон ва Тоҷикистон, ки 7-имтиёзӣ доранд, мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор гирифтаанд. Мянмар бо 6 хол дар ҷои чорум, Муғулистон бо 3 хол дар ҷои панҷум мавқеъ гирифтаанд.

Бозиҳои дар кишварҳои зер баргузор мешаванд:

Гурӯҳи A: Чин.

Гурӯҳи B: Кувайт.

Гурӯҳи C: Баҳрайн.

Гурӯҳи D: Арабистони Саудӣ.

Гурӯҳи E: Қатар.

Гурӯҳи F: Ҷопон.

Гурӯҳи G: АМА.

Гурӯҳи H: Кореяи Ҷанубӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *