Президент президентро табрик кард
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар як сӯҳбати телефонӣ Шавкат Мирзиёевро ба муносибати ҷашни 60-солагиаш табрик кард. Аз замони ба раҳбарӣ омадани Мирзиёев дар Ӯзбекистон равобити Тошканду Душанбе рӯ ба гармӣ овардааст.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон менависад, ки Эмомалӣ Раҳмон «бо таманниёти беҳтарин Президенти Ӯзбекистони дӯстро бо ҷашни 60-солагии зодрӯзаш самимона муборакбодӣ намуданд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин сӯҳбат ҳамчунин аз фаъолияти самарабахши Мирзиёев дар мақоми раҳбари давлати Узбекистон дар амри рушди он кишвар таҳкими обрӯяш дар арсаи байналмилалӣ ситоиш кардааст.
Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон меафзояд: «Ҳамзамон манфиатдорӣ ба тавсеаву такомули пайгиронаи тамоми маҷмӯи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни ҳамҷаворӣ, ҳамчунин ҳамкориҳои мутақобилан судманд иброз гардида, ҷиҳати пешбурди муштараки ин раванд изҳори умед карда шуд. Дар ин замина Сарони давлатҳо ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири густариши беш аз пеши муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардумони бародар, ки робитаҳояшон решаҳои амиқи таърихӣ доранд, изҳори ақида намуданд.”
Шавкат Мирзиёев моҳи сентябри соли 2016 дар пайи даргузашти президенти нахустини Узбекистон Ислом Каримов ба раҳбарии он кишвар расид ва дар интихоботи моҳи декабр барои 5 сол раисиҷумҳур интихоб шуд.
Мирзиёев дар замоне ба мақоми президенти Узбекистон омад, ки равобити Тоҷикистону Узбекистон дар тӯли беш аз ду даҳсолаи раҳбарии Каримов даврони пуртанишеро пушти сар мекард. Бо омадани Мирзиёев, ки аҷдодаш аз ноҳияи Ғончии вилояти Суғди Тоҷикистонанд, аксар умедвор буданд, ки акнун дар равобити ду кишвари ҳамсоя чархише бояд ҳатман ба вуҷуд биояд.
Дар камтар аз як соле ки гузашт, мушоҳида мешавад, ки Мирзиёев, ба ҳар сурат, Каримов нест ва дар фикри беҳбуди равобит бо Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳои Тоҷикистон дар минтақа аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ