Биринҷии Комроншоҳ Тоҷикистонро миёни 46 давлат 23-юмин кард

22-23 июли соли равон дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо миёни мардон ва занон баргузор шуд. Паҳлавони маъруфи кишвар Комроншоҳ Устопириён дар ин мусобиқа сазовори медали биринҷӣ гардид.

Комроншоҳ дар марҳилаи муқаддамиавӣ  Виктор Клиавусау (Беларус) ва  Александр Федосов (Русия)-ро мағлуб карда, аз Ли Кочман (Исроил), ки сазовори медали нуқра гашт, шикаст хӯрд.

Дар қувваозмоиҳо барои ҷои сеюм бошад, ӯ ду варзишгари Маҷористон — Сзаболс Крисман ва Габор Верро мағлуб намуд. Дар ин вазн варзишгари беларусӣ Яҳор Варапайу қаҳрамон шуд. Давид Кламмерти чехӣ низ сазовори медали биринҷӣ гардид.

Се намояндаи дигари Тоҷикистон — Садр Боев, Кароматулло Ҳакимов, Муҳаммадрасул Саидумаров (ҳама дар вазни то 81 кг) дар зӯрозмоии муқаддимавӣ баъд аз як ғалаба дар даври дуюм мағлуб шуданд.

Дар мусобиқа 411 варзишгар (126 зан, 285 мард) аз 46 давлат иштирок карданд. Дар ҳисоби даставӣ Беларус бо 3 медали тилло, 1 нуқра, 2 биринҷӣ ҷои аввалро ишғол кард. Озарбойҷон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 1 биринҷӣ ҷои дуюм, Португалия бо 2 медали тилло ва 2 биринҷӣ ҷои сеюмро сазовор гардиданд. Тоҷикистон миёни 46 давлат ҷои 23-юмро ишғол кард.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *