Президент Русияро ба одамрабоӣ айбдор кард

Президенти тозаинтихоби Гурҷистон Саломе Зуробишвилӣ ба имкони ҳамкории худ бо Русия ба далели амалҳои Москва зидди Украина ва Тифлис шубҳа дорад.

Зуробишвилӣ дар суҳбат бо Би-би-сӣ Русияро ба ғасби батадриҷи заминҳои Гурҷистон ва рабудани шаҳрвандони ин кишвар дар «хати ишғол» айбдор кард. Ӯ «хати ишғол» марзи эътирофношуда бо Осетияи Ҷанубиро меномад. Сиёсатмадори гурҷӣ гуфт, кишвараш мавқеи аврупогароӣ дорад ва агар ӯ, хоҳиши оғози муколама бо Москваро бикунад, он аз Аврупо пайравӣ хоҳад кард.

Гурҷистон дар гузашта борҳо Русияро ба рабудани шаҳрвандонаш дар марз бо Осетияи Ҷанубӣ айбдор карда буд. Москва онро як давлати мустақил эътироф карда, дар он пойгоҳи низомӣ бо 4 ҳазор сарбоз дорад. Ба ҷуз аз Русия, истиқлоли Осетияи Ҷанубиро 5 давлат эътироф мекунанд. Осетияи Ҷанубӣ соли 2008, пас аз як задухурди мусаллаҳона бо иштироки низомиёни рус аз Гурҷистон ҷудо шуд. Тифлис ва кишварҳои Ғарб амали Москва дар минтақаро таҷовузкорӣ ва ишғолгарӣ меноманд. Вале Русия онро амалиёти сулҳовар мегӯяд.

Саломе Зуробишвилӣ дар даври дувуми интихоботи президентии Гурҷистон бо гирифтани тақрибан 20 дарсад раъйи бештар ҳарифи худро шикаст дод. Ӯ пирӯзии худро «пирӯзии Аврупо» номид.Рақиби Зуробишвилӣ Григол Вашадзе, ки аз ӯ ҷонибдорони президенти пешин Михаил Саакашвилӣ ҳимоят мекарданд, гуфт, натиҷаҳои интихоботро эътироф намекунад. Вай мақомотро ба он айбдор кард, ки ба раъйдиҳандагон фишор оварда, даст ба сохтакорӣ заданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *