Трамп бо Путин мулоқот намекунад

Президенти ИМА Доналд Трамп мулоқоти худ бо ҳамтои русаш Владимир Путинро лағв кард, ки қарор буд, дар доираи саммити «Бистгонаи бузург» дар Аргентина баргузор шавад.

Ба гуфтаи Трамп, мулоқот барои он лағв шуд, ки Русия киштиҳо ва маллоҳони Украинаро дар тангнои Керч боздошт кард ва намехоҳад, онҳоро баргардонад. Трамп гуфт, танҳо пас аз ҳалли низоъ бо президенти Русия вомехӯрад.

Бино ба иттилои РИА Новости, сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков гуфт, дар сурати таъйиди лағви мулоқот, Путин барои анҷоми вохӯриҳои дуҷониба дар доираи саммит вақти бештаре хоҳад дошт. Ба гуфтаи Песков, Москва аз лағви мулоқот расман огаҳ карда нашудааст.

Намояндагони ҷамъияти украинҳо дар ИМА рӯзи чоршанбе аз Трамп хостанд, ки бо Путин мулоқот накунад. Трамп низ, лағви онро аз аввал аз эҳтимол дур намедонист. Дар Кремл гуфтанд, омодагиҳо барои анҷоми вохӯрии мазкур идома дорад. Хабаргузории Reuters бо истинод ба санадҳои Кремл хабар дод, ки мулоқоти раҳбарони ду кишвар бояд 1 декабр баргузор мешуд.

Мулоқоти пешини Трамп ва Путин миёнаҳои моҳи июли соли равон дар Ҳелсинкӣ баргузор гашт. Раҳбарони ду кишвар бори ахир кутоҳ дар Порис суҳбат карда буданд.

Пештар Департаменти давлатии ИМА аз Иттиҳоди Аврупо даъват кард, ки таҳримҳоро зидди Русия сахттар кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *