Президент Трюдоро ба Тоҷикистон даъват кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳошияи Иҷлосияи 72-юми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Ҷастин Трюдо, сарвазири Канада густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти кумакҳои Канадаро ба сохторҳои қудратӣ, таҳкими марз бо Афғонистон, мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, дастгирии фаъолияти Коллеҷи марзбонии САҲА дар Тоҷикистон, ширкати коршиносони кишвари Канада дар татбиқи лоиҳаҳои ҳаётан муҳим барои Тоҷикистон ва Афғонистон таъкид намудааст: “Барои тақвияти муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, энергетика, нақлиёт, технологияҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, амнияту бехатарӣ ва идоракунии сарҳад фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд”.

Дар робита ба хатару чолишҳои афзояндаи ҷаҳони муосир ҳарду ҷониб зарурияти тақвияти ҳамгироиҳои байнидавлатиро дар мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва қочоқи маводи мухаддир таъкид намуданд.

Дафтари матбуоти Тоҷикистон афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷастин Трюдо даъват ба амал овард, ки дар фурсати барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *