Қатли аробакаши 27-сола дар Маскав (Видео)

Посбони бозори “Люблино”-и шаҳри Маскав як муҳоҷири ҷавони тоҷикро, ки ба аробакашӣ машғул будааст, лату кӯб намуда, ба қатл расондааст.

Дар ин бора Иззат Амон, вакили дифои муҳоҷирони тоҷик дар Маскав ба хабарнигорон иттилоъ дода, афзуд, ки марҳум Наврӯз Каримови 27-сола, сокини деҳаи Олучаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон мебошад: “Ҳодиса 20-уми сентябр рух додааст. Наврӯз дар пайи латукӯб аз ҷониби посбон ҷароҳати вазнин бардошта, ҷон додааст”.

Иззат Амон сабаби қатли Наврӯзро дар он гуфт, ки гӯиё ӯ бидуни иҷозати посбонҳо борро бо аробааш аз як қисмати бозор ба қисмати дигар бурдааст.
Дар пайи қатли аробакаши тоҷик ҳудуди сад шаҳрванди Тоҷикистон бо нишони эътироз назди бозор ҷамъ омада, хостори таъмини адолат ва таҳқиқи мунсифонаи қазия шудаанд. Аммо ба гуфтаи вакили дифоъ муҳоҷирони ҷамъомада боздошт гардиданд.

Дар ҳамин ҳол “Интерфакс” низ аз қавли манобеяш иттилоъ додааст, ки посбони муттаҳам дар латукӯб ба идораи пулис оварда шуда, эҳтимол аст, ки ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *