Президент ва сарвазири Булғористон карантин шуданд

Президенти Булғористон Румен Радев ва сарвазир Кирил Петков карантин шуданд. Сабаб мулоқоти онҳо бо нафарони аз коронавирус сироятёфта, аз ҷумла раиси парлумони ин кишвар будааст, ки аз аҳволи худ хабар надоштааст.

Бино ба иттилои Kp.ru, мулоқот рӯзи 10-уми январ сурат гирифта, пас аз он раиси Маҷлиси миллӣ Никола Минчев аз санҷиши коронавирус гузаронида шудаву натиҷаи санҷиш мусбат баромадааст.

Тавре иттилоъ дода мешавад, онҳое, ки дар вохӯрӣ иштирок доштанд, ба канорагирӣ иқдом кардаанд. Ҳамаи онҳо худро хуб ҳис мекунанд ва барои фаъолияти муътадили дастгоҳи президент чораҳо андешида шудаанд.

Чуноне ки Kp.ru қаблан навишта буд, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шумораи рекордии ҳолатҳои нави бемории коронавирус дар як рӯз ошкор шудааст. Сухан дар бораи 1 миллиону 13 ҳазор нафар бемор меравад, ки ин рекорди ҷаҳонист.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *