Президент вазиронашро машқ доронд(Видео)
Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар осоишгоҳи «Овоза” вазирони ҳукуматаш ва раиси парлумонро ба толори варзиш бурд. Вазирон зери назари раисиҷумҳур машқи варзиш кардаанд.
Раисиҷумҳури ТуркманистонҚурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар як рухсатии кӯтоҳмуддат дар осоишгоҳи «Овоза” дар соҳили баҳри Хазар қарор дорад, рӯзи 27 июл дар фурудгоҳи шаҳри Туркманбошӣ бо раиси Маҷлис, аъзои ҳукумат, ҳокими вилояти Балкан ва раҳбарони мақомоти низомиву интизомӣ мавзӯи роҳҳои рушди вилояти Балкан ва риштаи сайёҳӣ дар ин минтақаро баррасӣ кардааст.
Бино ба гузориши телевизиони давлатии «Altyn Asyr”, Бердимуҳаммадов баъди ин ҷаласа мансабдорони баландпояро ба як толори варзишӣ бурда, ҳамроҳи онҳо машқи фитнес кардааст. Дар пораҳое аз гузориши телевизиони давлатӣ, ки сомонаи «Хроники Туркменистана” зери як мусиқӣ бознашр кардааст, дида мешавад, ки ҳамаи мансабдорони баландпояи туркман дар тан либоси сабзи варзишӣ дар назди дари толори фитнес Бердимуҳаммадовро бо қарсак пешвоз мегиранд ва таҳти ҳидояти ӯ роҳии толори машқ мешаванд.
Дар видео ҳамчунин дида мешавад, ки ибтидо Бердимуҳаммадов дар назди вазиронаш машқи фитнес мекунад ва сипас мансабдорони туркман низ дар обу арақ тар шуда, «вазн мепартоянд.”
Аъзои ҳукумат дар ин толор ҳамчунин волейбол бозӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ