Боз ташкили фоҳишахона

Марде ки тоза рӯзи 24 июл бо иттиҳоми ташкили се фоҳишахона дастгир ва сипас шартан озод шуда буд, рӯзи 26 июл дигарбора бо айни иттиҳом боздошт шуд. Мақомот мегӯянд, ӯ баъди озод шудан кошонаи маҳсгариаш дар Душанберо боз ба фоҳишахона табдил додааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як гузориш бо номи «Тарки одат амри маҳол” аз боздошти дигарбораи як марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона хабар дод.

Ин мард рӯзи 24 июл бо гумони ташкили се фоҳишахона дар кӯчаҳои Лоҳутӣ ва Айнии пойтахт дастгир ва ба зиддаш парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда буд. Худи ӯро бо татбиқи чораи ғайриҳабсӣ ба шарти берун нарафтан аз мазалли истиқомат озод кардаанд. Вале, менависад вазорати дохила, «номбурда, аз ин хулосаи даркорӣ набароварда ба ҳаракатҳои ҷиноятии худ идома дода, такроран даст ба қонуншиканӣ задааст.”

Ин мардро рӯзи 26 июл, ҳамагӣ ду рӯз баъд аз озод шуданаш вақте дигарбора дастгир карданд, ки «тахминан соати 12:30- дақиқа дар кӯчаи Айнии пойтахт, дукони Кошонаи маҳсгарии худро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 25-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 38-солаи сокини шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.”

Вазорати дохила қаблан хабар дода буд, ки рӯзи 24 июл кормандони раёсати кофтукоби ҷиноии ин вазорат як марди 54-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансурро бо гумони ташкил ва нигоҳ доштани фоҳишахона дастгир кардаанд. Бино ба ин манбаъ, боздоштшуда рӯзи 24 июл «дар кӯчаи Лоҳутӣ манзилеро муваққатан ба иҷора гирифта, ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 28-сола ва зани 29-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 1000 рубли Федератсияи Россия мукофотпулӣ гирифтааст.»

Ин мард ҳамчунин ба он айбдор мешавад, ки дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт толори ҳусн кушода, онро ҳам ба фоҳишахона табдил додааст: «Номбурда рӯзи 21-уми июли соли 2017, тахминан соати 15:30-дақиқа, дар кӯчаи Назаршоеви пойтахт ба шаҳрвандон: марди 23-сола ва зани 36-солаи сокинони пойтахт барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 140-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.»

Ин мард, ба гуфтаи мақомоти умури дохила, дар кӯчаи Айнӣ низ як кошонаи ҳусн дошт, ки онро ҳам ба фоҳишахона табдил дода буд: «номбурда 19-уми июли соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, дар кӯчаи Айнии пойтахт ба шаҳрвандон: марди 35-сола ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 100 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтаааст.»

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *