Хушвахтзода

Президенти АМИТ: Марги Мухторӣ талафоти калон ба илми тоҷик аст

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода нишасти матбуотиро аз изҳори ҳамдардӣ бинобар даргузашти профессор Қутбиддин Мухторӣ оғоз кард.

 «Қутбиддин Мухторӣ устоди аксар журналистон буданд. Банда ҳам солҳо дар ДМТ бо эшон ҳамкор будам. Марги эшон талафоти калон барои илми тоҷик аст»,- гуфт номбурда.

Ёдовар мешавем, ки доктори илми филология, профессор Қутбиддин Мухторӣ дирӯз, 7 феврал дар синни 54-солагӣ даргузашт.

Бинои ба иттилои наздикони устод Қутбиддин Мухторӣ, то дирӯз марҳум аз саломатӣ шикоят надошт, вале шаби гузашта вазъи саломатияш якбора бад шуд ва ӯро ба беморхонаи “Шифобахш” (маъруф ба Қарияи Боло) интиқол доданд.

“Муаллим як шабонарӯз дар шуъбаи кардиалогияи беморхонаи “Шифобахш” бистарӣ буд ва тақрибан соати 17:00 -и имрӯз дар беморхона аз олам чашм пӯшид»- гуфт яке аз пайвандони марҳум.

Ҷанозаи марҳум 8-уми феврал, соати 13:00 дар шаҳри Душанбе, дар Масҷиди марказӣ (собиқ муфтиёт) баргузор мешавад.

Суроғаи хонаи устод Қутбиддин Мухторӣ: кӯчаи Неъмат Қарабоев, бинои 36/2 .

Маълумотнома

Қутбиддин Мухторӣ 28-уми ноябри соли 1970 дар шаҳри Панҷакент таваллуд шуда, мактаби миёнаи №19-и зодгоҳашро хатм кардааст.

Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (имрӯза ДМТ) дар соли 1993 мебошад. Инчунин, фориғуттаҳсили курси дусолаи Донишгоҳи Стокголм аз рӯйи ихтисоси кори иҷтимоӣ аст.

Қутбиддин Мухторӣ аз соли 1998 то кунун дар факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба рӯзноманигорони ҷавон дарс мегуфт. Марҳум яке аз мутахассисини соҳаи иҷтимоӣ ва блогинг ҳам шинохта шуда буд.

Рисолаи номзадиро соли 2002 ва рисолаи докториро соли 2020 дифоъ кардааст.

Соли 2007 иҷрокунандаи вазифаи декани факултети журналистикаи ДМТ буд. Солҳои 2011-2015 мудири кафедраи матбуот, аз соли 2015 дотсенти кафедраи матбуот ва аз соли 2023 профессори кафедраи матбуоти факултаи журналистикаи ДМТ буд.

Аз соли 2007 узви Конфедератсияи байналмилалии журналистони Тоҷикистон мебошад.

P.S

Аҳли эҷоди рӯзномаи «Тоҷикистон» аз даргузашти устод Қутбиддин Мухторӣ андӯҳгин буда, ба пайвандону наздикони марҳум сабри ҷамил хоҳонанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *