Президенти АМИТ: Таҷрибаи олимони соҳибмактабро бояд омӯхт

 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар мулоқот бо олимону кормандони Институти ботаника, физиология ва генетикаи растанӣ ва Маркази инноватсионии геология гуфт, ки илми тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ шавад.

Қобилҷон Хушвахтзода аз фаъолияти институт ва марказ натиҷагирӣ намуда, барои дар оянда ноил шудан ба дастовардҳои нав ва муаррифии илми тоҷик дастурҳои мушаххас додааст.

Тавре ки аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба Pressa.tj  хабар доданд, 27 феврал ҳангоми мулоқот Хушвахтзода  Қобилҷон ба олимону кормандони ин ниҳодҳо барои анҷоми корҳои самараноку назаррас изҳори қаноатмандӣ намуд. Зимнан, ба онҳо барои ноил гаштан ба дастовардҳои нав маслиҳати муфид дод.

Ҳамзамон, роҳбарияти институт ва марказ барои фароҳам овардани шароити мусоид ба кормандон, харидории технологияи нав барои озмоишгоҳҳо, фаъол намудани кори китобхонаҳо, дастгирии ҷавонон ва зиёд намудани сафи олимон аз ҳисоби ҷавонон, омӯзиши таҷрибаи бойи олимони соҳибмактаб ва дигар масъала супориш гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *