Мушкил ҳал мешавад? Дар Бохтар беморхонаи бемориҳои дил месозанд

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар беморхонаи вилоятии табобати бемориҳои дил бунёд мешавад. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз дар шаҳри Бохтар беморхонаи муосир ва дорои кати бистарикунонӣ барои бемориҳои дил вуҷуд надорад.

Шайдулло Шарипов, сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон ахиран дар нишасти матбуотӣ зикр кард, ки аллакай мавзеи сохтмон маълум шудааст.

Ӯ мегӯяд, беморхонаи мавриди назар дар дохили Маркази бемориҳои чашм бунёд мешавад. Ба таъкиди вай, барои пайдо кардани сарчашмаҳои молиявӣ кор идома дорад.

“Лоиҳа омода шудааст. Ҳоло бо Вазорати молияи мамлакат ҳамкорӣ дорем. Як қисмат, таҳкурсии бино бо ҳиссаи буҷети вилояти Хатлон сохта мешавад”,-гуфт номбурда.

Мутаассифона, ҳоло дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон беморхонаи махсусу муосир, дорои шароити хуб барои бистарӣ ва табобати беморони дил вуҷуд надорад. Феълан Беморхонаи бемориҳои дил дар қисме аз хобгоҳи коллеҷи тиббии хусусӣ фаъолият дорад. Беморон бошанд, баъди ташхис дар шуъбаи табобати бемориҳои дили Беморхонаи клиникии вилояти Хатлон ба номи Бӯрӣ Воҳидов бистарӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *