Шайдулло Шарипов

Норасоии табибон — мушкили асосии соҳаи тандурустии Хатлон

Феълан дар вилояти Хатлон 715 табиб намерасад. Норасоии табибон мушкили асосии соҳаи тандурустӣ дар вилояти Хатлон будааст.

Шайдулло Шарипов — сардори Раёсати тандурустӣ дар вилояти Хатлон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки аз ҳама бештар норасоии табибон дар ноҳияи Муъминобод аст. Ба гуфтаи вай, дар ин ноҳия ба 76 табиб эҳтиёҷ доранд. Ӯ мегӯяд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 43 табиб намерасад.

— Норасоии кормандони миёнаи тиб қариб ки бартараф гардид. Танҳо дар ноҳияи Ҷайҳун 10 корманди миёнаи тиб намерасаду халос. Асосан мушкилии мо норасоии табибон аст. Дар солҳои охир бунёди муассисаҳои таълимии тиббӣ боис шуд, ки норасоии табибон дар вилояти Хатлон ҳалли худро ёфта истодааст,- афзуд вай.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Давлаталӣ Саид — иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон рӯзи 28-уми январи соли равон дар қабули сайёри шаҳрвандон дар ноҳияи Кӯшониён аз норасоии табибон дар ноҳияи мавриди назар изҳори нигаронӣ кард.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *