Диловар Сафаров

Гилаи Диловар Сафаров аз намозгузорон

Диловар Сафаров, блогер ва коргардони тоҷик ин навбат дар ютубканали худ наворе нашр карда, доир ба намозгузорон гуфт.

Ӯ аз ҷумла зикр кард: “Бародарон, мо медонем, ки вақти намози ҷумъа рафтан то масҷид пиёда ворид шудан, баробари ҳар қадам савоб мегирем, вале мутаассифона, ҳоло нафароне ҳастанд, ки мошинҳояшонро кӯшиш мекунанд то пеши дари масҷидҳо баранд. Ин амали онҳо ҳам боиси камшавии савоб ва ҳам халал расонидан ба намозгузорони дигар мегардад”.

Блогер аз ахлоқи баъзе намозгузорон изҳори ташвиш кардааст, ки оддитарин қоидаҳои ба масҷид рафтану дар он ҷо ибодат карданро сарфи назар мекунанд. Масалан, илова мекунад, ки дар вақти намозгузорӣ бархеҳо телефонҳои мобилии худро хомӯш намекунанд ва баробари занге омадан, хотири даҳҳову садҳои дигарро парешон мекунанд.

Ҳамчунин, Диловар Сафаров таъкид мекунад, ки бархеҳо мехоҳанд танҳо ба масҷидҳо хайр кунанд, вале мантиқан фикр кунем, агар ба мактабе, ба толибилме ҳам кумак кунем, савоби кам намегирем, зеро ин садақаи ҷория мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *