Президенти Эрон ва ҳайати бузурги тоҷирон ба Тоҷикистон меоянд
Як ҳайати бузурги тоҷирони Эрон ба Тоҷикистон меоянд. Сафари ҳайати бузурги тоҷирон 15-16 январи соли равон дар ҳошияи сафари кории Президенти Эрон Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон сурат мегирад.
“Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии ду кишвар ва бо ҳамкории созмони тавсеаи тиҷорат, ҳайатии тиҷоратии муташаккил аз ширкатҳои тавонманд, ба сарпарастии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон вориди шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мешаванд”, — иттилоъ медиҳанд расонаҳои эронӣ.
Барномаҳои пешбинишуда шомили баргузарии ҳамоиш ва нишастҳои тиҷоратӣ ва B2B дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марказҳои тиҷоратӣ ва фарҳангӣ, баргузории нишаст дар сафорати Эрон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январи имсол Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ