Президенти Қирғизистон низ Кодекси гумрукро имзо кард
Кодекси гумруки Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро президентҳoи 4 кишвари узв, аз ҷумла роҳбари Қирғизистон имзо карданд, хабар медиҳад раиси коллегияи комиссияи иқтисодии иттиҳоди мазкур Тигран Саркисян.
Пештар аз ин Саркисян гуфта буд, ки дар маросими имзои ҳуҷҷатҳо президенти Қирғизистон кодексро имзо накардааст. «Президентҳои чаҳор кишвар ҳамаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо имзо карданд, аз ҷумла Кодекси гумрукро. Аз ҷониби Қирғизистон танҳо изҳорот дар бораи ба роҳ мондани фаъолияти иқтисодии хориҷӣ имзо нашудааст», — афзудааст Саркисян.
Кодекси нав кодексеро, ки соли 2009 қабул шуда буд, иваз мекунад. Ин ҳуҷҷат барои гузаштан ба танзими ягонаи гумрукӣ дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё даъват мекунад.
Дар кодекси нав, ки давоми се сол омода шудааст, навъи иттилоърасонӣ дар бораи амалиёти гумрукӣ, содасозии тиҷорат, кам кардани ҳуҷҷатгузорӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ