Суғд: Оилаи гаражнишин иҷоранишин шуд

       Сурайё Дадобоева як ҷавонзани ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо се кӯдак дар мошинсарой ё худ «гараж» зиндагӣ мекард ба хонаи иҷоравӣ кӯч бастааст. Гурӯҳи эҷодии барномаи иттилоотии Хабар имрӯз, 23 декабр барои наворгирии зиндагии Сурайё бо ҳуҷраи нави ӯ рафтанд. Ин ҳуҷраро чанде аз ҳамсояҳо дарёфт кардаанд ва ҳамакнун ҷавонзан ҳар моҳ 200 сомонӣ иҷорапулӣ медиҳад. Дар ин ҳуҷра ҳамроҳи Сурайёву се кӯдакаш инчунин модари ӯ низ умр ба сар мебарад.

     Сурайё дар зиндагӣ бисёр ғамзадаву рӯҳафтода  аст. Ӯ мегӯяд: «Он чиро ки ман аз сар гузаронидам намехоҳам ба сари фарзандонам ояд. Ман бисёр рӯзҳои сангинро аз сар гузаронида истодаам.»

     Ёдовар мешавем, ки оилаҳое, ки будубошашон гараж, таҳхона ва хонаҳои оҳанӣ аст, кам нестанд. Яке аз чунин хонавода, ки дар  кулбаи “оҳанӣ” ба сар мебаранд  оилаи Худойқул Урозов ном сокини деҳаи Кокули ноҳияи Фархор мебошад. Номбурда тӯли ду сол аст, ки  бо  ҳамсару кӯдаконаш дар вагончаи зангзадаву сард  зиндагӣ доранд.

                                                                                                                                                                Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *