Президенти нави Молдова мардумро ба кӯчаҳо баровард

6-уми декабр тахминан 20 ҳазор нафар бо талаби истеъфои ҳукумат ва баргузории интихоботи пеш аз мӯҳлати парлумонӣ ба хиёбонҳои Кишинёв баромаданд. Дар шиорҳои эътирозгарон нидоҳои мисли “Мо мардум ҳастем!” ва “Ба зиндон!” дида шуд. Эътироз аз ҷониби президенти тозаинтихоб Майя Санду даъват шуд, ки бо дидгоҳҳои рӯ ба Аврупову Ғарбаш маъруф аст. Рӯзи 3 декабр парлумоне, ки дар он аксар депутатҳо тарафдори наздикӣ бо Русия ҳастанд, тарҳи қонунеро қабул кард, ки бар асоси он идораи амнияти Молдова аз зери назари президент ба парлумон мегузарад. Тасмим дар заминаи тағйири салоҳиятҳои идораи амнияти кишвар чанд ҳафта баъди он гирифта шуд, ки дар интихоботи президентӣ Майя Санду бар президенти амалкунанда ва нозмади рӯ ба Русия Игор Додон пирӯз шуд.

Сандуву тарафдоронаш мегӯянд, ки ҳадафи аслии парлумон пеш аз шурӯи кораш дар вазифаи президентӣ заъиф ё суст кардани салоҳиятҳои ӯ ва баръакс, пурқувват шудани мақоми парлумон мебошад. Санду бояд 24 декабр корро дар мақоми президенти Молдова шурӯъ кунад.

Моҳи июни соли 2019 сотсиалистҳо дар овоздиҳии парлумонӣ назорати кори идораи амнияти кишварро аз парлумон гирифта ба ихтиёри президент Додон доданд. Санду, ки рӯзи якшанбе ба эътирозгарон аз минбар истода муроҷиат мекард, талаб намуд, ки ҳукумат ва нахуствазир Ион Кику пеш аз мӯҳлат аз вазифа истеъфо бидиҳанд.

Ӯ хитоб ба издиҳом гуфт, “Игор Додон мағлубияташро эътироф кардан намехоҳад”. Ӯ афзуд: “Ҳоло ӯ мехоҳад дар кишвар оташ барангезад, беназмӣ барпо кунад ва Молдоваро дар як инзивои байналмилалӣ қарор диҳад”.

Санду ҳамчунин парлумонро барои кӯшиши хароб кардани корашу заъиф шудани муборизаҳои ӯ зидди коррупсия гунаҳгор кард. Ӯ гуфт: “Ин аксарият қонунҳое қабул мекунад, ки салоҳиятҳои президентро барои мубориза бо коррупсия ва дуздӣ кам мекунад”. Санду гуфт, “мо то охир бо коррупсия мубориза мебарем”.

Санду дар гузашта ҳамчун иқтисодшинос дар Бонки Ҷаҳонӣ кор кардааст ва дар маъракаи пешазинтихоботиаш ваъда дод, ки бо коррупсия дар Молдова, яке аз кишварҳои фақиртарини Аврупо, мубориза мебарад. Ӯ инчунин талаб кардааст, ки Русия аз минтақаи Наздиднестр сарбозонашро берун кашад. Ин минтақаи рӯ ба Маскав аст ва Кремл ҳам дар посух ҳушдор додааст, ки тарки Наздиднестр кардани онҳо вазъро “ҷиддан бесубот” мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *