Хондани намоз дар автобусу поезд ҷоиз аст

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон гузоштани намоз ҳангоми савор будан дар автобус, ҳавопаймо ва қаторро саҳеҳ хондаст

Самандар, як корбари сомонаи Шӯрои уламо суол кардааст, ки оё ҳангоми сафар дар ҳавопаймо, қатора ё автобус намоз хондан мумкин аст ва тарзи адои он чӣ гуна аст.

Шӯрои уламо зикр кардааст, ки намоз яке аз аркони панҷгонаи дини Ислом ва фаризаи муайян дар вақт аст, ки чун вақташ фаро расад, адо кардани он бар зиммаи фарди мусалмон фарз мегардад, фарқ намекунад, ки ӯ дар хона аст ё дар сафар.

“Аз нигоҳи мазҳаби Имоми Аъзам хондани намози фарз ҳангоми ҳаракати автобус, қатора, киштӣ ва ҳавопаймо бидуни узр дар ҳолати нишаста ва бо имову ишора саҳеҳ аст”, — посух дод Шӯро.

Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки аммо дар вақти ҳаракати маркаб ва нақлиёт аз қабили аспу хар ва мошине, ки дар ихтиёри шахс қарор дорад, гузоридани намози фарз саҳеҳ нест.

“Агар дар ихтиёраш набошад, пас то охири вақт интизор мешавад, агар имконият пайдо нашуд, намозашро бо имову ишора мегузорад ва адо мешавад. Бар хилофи намози нофила, ки дар ҳама ҳолат ва ба кадом ҷиҳате, ки бошад, гузоридани он ҷоиз аст”, — таъкид намуд манбаъ.

Шӯрои уламо далели ин посухашро  “Фиқҳи муяссар” саҳифаҳои 134 ва 135 хондааст.

Спутник

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *