Президенти Россия қотили бизнесмени тоҷикро меҷӯяд?

Пайвандони Асадулло Маҳмудов, собиқ раҳбари ҷамъияти тоҷикони шаҳри Могнитогорск аз президенти Русия Владимир Путин хоҳиш кардаанд, ки ба қазияи кушта шудани ӯ дахолат намуда, барои пайдо кардани қотилонаш кӯмак намояд. Маҳмудов рӯзи 15 декабр дар назди манзилаш аз сӯи афроди номаълум парронда шуд ва ҷасади ӯро ба Тоҷикистон оварданд. Наздикони ин тоҷир ва раиси пешини ҷамъияти тоҷикон мегӯянд, бо гузашти беш аз 10 рӯз ҳанӯз мақомот қотилонро пайдо накардаанд, аз ин рӯ маҷбур шуданд, то унвонии Владимир Путин муроҷиатнома бинависанд. Асрориддин Маҳмудов, бародари бузурги Асадулло Маҳмудов мегӯяд, ин муроҷиатнома баъди он ирсол шуд, ки ҷараёни тафтишоти пулиси шаҳраки Магнитогорск онҳоро ноумед кард: “10 нафаре, ки ҳамчун гумонбар буданд, аз бинои пулис озод шудаанд”.  Ӯ афзуд, бовар доранд, ки агар худи раисҷумҳури Русия ба ин қазия дахолат кунад, қотилон дар зудтарин фурсат пайдо ва муҷозот мешаванд. Ба гуфтаи Маҳмудов, онҳо ба Додситонии кулли Тоҷикистон ҳам расман муроҷиат хоҳанд кард, то аз мақомоти Русия тафтишоти холисонаи ин қазияро дархост кунад. Наздикону пайвандони Асадулло Маҳмудов муътақиданд, куштори ӯ фармоишӣ аст, зеро наворҳои камераҳои биное, ки Асадулло зиндагӣ мекард, нобуд карда шудаанд.
Расонаҳо аз қавли Владимир Шишков, намояндаи Кумитаи тафтишотии Русия навиштаанд, ки қотил дар кӯчаи Тевосяни Магнитогорск замоне ба қалби Маҳмудов тир холӣ кардааст, ки ӯ бо мошини “Dodge”-аш вориди майдончаи назди хонаи истиқоматияш шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *