Президенти Ӯзбекистон бо шаҳрвандон рӯбарӯ сӯҳбат мекунад

Бино ба иттилои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 1 апрели соли ҷорӣ қабулгоҳи Шавкат Мирзиёев ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Бино ба иттилои Дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Ӯзбекистон, аз 1 апрели соли ҷорӣ қабулгоҳи Шавкат Мирзиёев ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.

Ба гуфтаи Бахтиёр Ҷамолов, раиси Қабулгоҳи мардумии Дастгоҳи президенти Ӯзбекистон, Шавкат Мирзиёев шахсан шаҳвардони кишварро пазируфта ва арзу шикоятҳои онҳоро хоҳад шунид.

Ҳамчунин, қабули раиси ҷумҳури Ӯзбекистон тавассути Интернет ё Онлайн роҳандозӣ хоҳад шуд.

Бахтиёр Ҷамолов гуфт, ки дар қабулгоҳи президент толорҳои интизорӣ ва қабул мавҷуд буда, дар он ҷо дастгоҳҳои видеоӣ барои сӯҳбатҳо тавассути Интернет насб шудаанд.

Ба гуфтаи вай, ҳоло дархости 20 нафар барои сӯҳбати рӯбарӯ бо Шавкат Мирзиёев қабул шуда ва дар назар аст рӯзи 1 апрел президент бо онҳо мулоқот хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *