Обхезӣ дар Эрон: беш аз 30 нафар кушта шуданд

Бар асоси маълумоти расмии Эрон, бар асари боришоти шадид, обхезӣ ва ҷорӣ шудани сел дар ин кишвар 32 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Бар асоси маълумоти расмии Эрон, бар асари боришоти шадид, обхезӣ ва ҷорӣ шудани сел дар ин кишвар 32 нафар ҷонҳои худро аз даст додаанд.

Радиои “Фардо” хабар додааст, ки аз ҷумлаи 31 вилояти Эрон дар 28 вилоят дар натиҷаи боришоти шадид оби дарёҳо аз соҳил баромада, шаҳру шаҳракҳо  зери об мондаанд.

Ҳамчунин, селоб роҳҳои мошингардро хароб карда, ҳаракат ба самти Теҳрон, пойтахти Эрон душвор шудааст.

Аз ҷумла, бино ба хабари полис, бахше аз қисматҳои шоҳроҳи Кан-Сулекан дар наздики шаҳри Теҳрон зери об монда ва ҳаракат ба самти ин шаҳр масдуд шудааст.

Рӯзи 25 март дар шаҳрҳои сайёҳии Дарбанду Дарак тарабхонаву марказҳои хизматрасонӣ ба сайёҳони хориҷӣ аз фаъолият бозмонданд. Боғи истироҳии Наҳҷ-ал-Балоғаи Теҳрон низ баста шудааст.

Бар асоси маълумоти идораи обу ҳавосанҷии Эрон, имрӯз, 27 март низ дар бештари минтақаҳои ин кишвар борони сел меборад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *