Профессор Назаров: Мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест

Намояндагони  Агентии  давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо ҳайати илмӣ-омӯзгории Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  мулоқот карданд.

Ин вохӯрӣ, ки 22 июни соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи  донишкадаи баргузор гашт, муовини ректор, профессор Наҳтулло Назаров иброз дошт, ки мубориза бо коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа, ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ низ бояд бетараф набошад. Дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа харобиовар бояд омӯзгор нақши боризу ҳалкунанда дошта бошад.

Нозири калони Сарраёсати коррупсияи Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Насим ва нозири ҳамин сарраёсат Раҳмонзода Фаромарз атрофи   масъалаҳои мубориза бо ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, пешгирии ҳаракатҳои коррупсионӣ миёни кормандони муассисаҳои таълимӣ, риояи қонуният ва интизоми меҳнат, пурзӯр намудани корҳои профилактикӣ-фаҳмондадиҳӣ дар ин самт изҳори андеша намуданд.

Раҳмонзода Фаромарз дар суханронии худ ба масъалаи татбиқи амалии  «Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013-2020» дахл карда,   зикр намуд,  ки коррупсия пеши роҳи рушди ҷомеаро мегирад ва танҳо дар якҷоягӣ метавон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурд.  Номбурда ҳадафи ниҳоии ҳуҷҷати мазкурро паст кардани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиёт, демократия, мукаммалгардонии идораи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди кишвар арзёбӣ намуд.

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *