Раиси Шӯрои уламо: Рӯза бигиред то сиҳатманд шавед!

 Савол: -Оилаҳое ҳастанд, ки солҳои зиёд дар ҳасрати фарзанд ҳастанд.  Онҳо бо усули замонавӣ, яъне бордоркунии сунъӣ соҳиби фарзанд шаванд, фарзандашон ҳаромӣ ҳисоб намешавад?

Миҷгона, ш. Душанбе.

Ҷавоб:- Ҳангоми бордоркунӣ, агар аз тухмаи ҳамон зану шавҳар гирифта шавад, боке надорад. Дар ин ҳолат фарзанди онҳо ҳаромӣ ҳисоб намешавад.

Савол: Кӯдакеро, ки намедонед бо роҳи ҳалол ба дунё омадааст ё ба роҳи ғайришаръӣ, ба фарзандхонӣ қабул кардан ҷоиз аст ё не?  

Тоҳир, н. Панҷ

Ҷавоб:-Бале, ҷоиз аст, чунки кӯдак гуноҳ надорад. Танҳо ҳамон зану марде гунаҳкоранд, ки бо роҳи ғайришаръӣ ин тифлро ба дунё овардаанд.

Савол:Аксари мардон “ислом ба 4 зан гирифтан иҷозат додааст” гуфта, дар болои занашон зан мегиранд, ҳол он ки дар хонаашон нони хӯрдан надоранд ва фарзандонашон зимистону тобистон сарлучу пойлуч мегарданд. Марде, ки имкони таъмин намудани як оиларо надорад, магар ҳақ дорад, ки боз зан гирад?

Дилноза, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Шариати ислом танҳо дар он ҳолат ба мард иҷозати зани дигар гирифтанро медиҳад, ки агар шароит дошта бошад ва адолатро байни занҳо ҷорӣ намояд. Мард, агар аз нигоҳи иқтисодӣ ва равонӣ аз уҳдаи нигоҳубини зан баромада натавонад, беҳтараш зан нагирад.

Савол:Оё роҳбари корхонаи давлатӣ ҳақ дорад, ки бо сатр ба коргоҳ ворид шудани коргаронашро манъ намояд? Зан ба хотири аз даст надодани ҷойи кораш сатрашро партояд, магар гунаҳкор намешавад?  

Ҷавоб:-Вақте талаботи корхона чунин бошад, коргар наметавонад либоси табъи дили худро ба бар намояд ва маҷбур мешавад, ки ба гапи сардор итоат намояд. Дар ин ҳолат гуноҳ ба гардани роҳбари корхона аст, на ба коргар.

Савол:-Аксар вақт  набераам, ки нав яксола шудааст, аз пеши намозам мегузарад ва баъзан омада, дар рӯ ба рӯям менишинад. Оё намози ман ботил намешавад?

Ҳоҷӣ, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Дар ин ҳолат ба намози шумо ягон зиён намерасад, чунки ӯ ҳанӯз тифли бегуноҳ аст.

Савол:-Мехоҳам намози хуфтанро баъди соатҳои 1-2-и шаб хонам, чунки мегӯянд, ҳар қадар дер хонӣ, ҳамон қадар савоби бештар мегирӣ. Ин андеша то куҷо ҳақиқат дорад?

Сафаралӣ, н. Рӯдакӣ.

Ҷавоб:-Намози хуфтан бояд хоб норафта хонда шавад, аммо намози витрро дертар хондан беҳтар аст, агар шахс боварӣ дошта бошад, ки ба хотири намоз нимаи шаб аз хоби ширин хеста метавонад. Ягона намозе, ки ҳатман бояд нимаи шаб хонда шавад, ин намози тааҷуд аст. Ин намоз дар дили шаб гузошта мешавад ва беҳтарин роҳи роз гуфтан ба Худованд аст.

Савол:-Дар ҳадисҳои Пайғамбар (с) омадааст, ки аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯ, вале мардони мусалмон монеи донишомӯзии духтаронашон мешаванд. Шумо дар ин масъала чӣ назар доред?

Фирӯза, ш. Душанбе.

Ҷавоб:-Ин мутлақо нодуруст аст. Занону духтарони мусалмон бояд ҳатман хонда илму ҳунар омӯзанд, чунки писар соҳиби маълумот гардад, танҳо як нафар донишманд мешавад, вале духтар илму ҳунар омӯзад, як оила хирадманд мешавад. Модар, ки оқилаву фарзона шуд, миллат боақл, босавод ва хушбахт мешавад.

Савол:Раёсати фатво ҳафтанома дорад?

Ҷавоб:-Мо ҳафтанома не, сомона дорем ва шаҳрвандон метавонанд саволҳои худро ба мо ирсол намуда, ҷавоби саҳеҳ бигиранд.

Савол:-Нигоҳи шумо ба духтароне, ки либосҳои аврупоӣ мепӯшанд, чӣ гуна аст?

Шамсия, ш. Хуҷанд.

Ҷавоб:-Бисёр мехостам, ки духтарони тоҷики мо тақлид ба бегонагон накунанд ва либосҳои миллии тоҷикиро ба бар намоянд.

 

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *